БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ АМРИКО: ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ ИНСОН Ё ИДОРАНАШАВАНДА СОХТАНИ ФАЗОИ СИЁСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ВОКУНИШ. Хуб иқрор мешавем, ки имрӯз ИМА яке аз давлатҳои пешрафта ва пуриқтидор аст. Аз ҳама лиҳоз рушд кардааст ва иқтисодиёташ устувор аст, гарчанде, ки таърихи зиёда аз дусадсола дорад ва дар аввалҳои ташкилшавиаш, ки дар он сохти ғуломдорӣ буду бо тавсияҳо ва роҳнамоиҳои Карл Маркс ва бо ҷонбозиҳои Авраам Линколм аз ин сохт раҳоӣ ёфт.

Дар замони муосир ИМА бо истифода аз қудрату тавоноияш ҳамчун давлати пешгом ба қавле бо мақсади дасти кӯмак дароз кардан ба бархе аз кишварҳои хурду миёна ба давлату давлатдории онҳо дахолат менамояд. Аммо як назар афканем, мебинем, ки ба Афғонистон сар даровард ва вазъ айни ҳол дар инҷо чи гуна мебошад, ки ба ҳама маълум аст (як давлат ва ду президент). Ба дигар давлат назари хешро равона месозем – Ироқ имрӯз ба чи ҳол афтодааст. Ё ин, ки ба давлати Сурия диди хешро равона месозем. Дар ин ҷо ҳам дида мешавад, ки мардуми ин минтақа чи рӯзгорро аз сар гузаронида, шаҳрвандонаш гуреза шуда, худро бар дари мамлакатҳои аврупо зада истодаанд. Ба ин монанд чанд давлатҳои дигарро метавон мисол овард, ки ба ҳаркуҷое, ки ИМА нерӯи худро бо мақсади дастгирӣ равона месозад, аммо кор ранги дигар мегирад. Дар чунин ҳолат нафаҳмидам, ИМА-ро мақсадаш чист!?. Кӯмак расонидан ё баръакс идоранашаванда сохтани фазои сиёсӣ, ихтилофангезӣ миёни мардум ё умуман ба вуҷуд овардани ҳисси нобовариву бетартибӣ дар ҷомеа.

Санаи 11.03.2020 матлаберо дар Радиои озодӣ бо номи “Амрико вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро танқид кард” хондаму худ ба худ хулоса кардам, ки наход Ҷумҳурии Тоҷикистонро ин навбат ҳадафи худ қарор дода бошад.

На, халқи тоҷик таърихи беш аз 5000 сола дорад ва аз он мардуме нест, ки тақдири худро ба дастӣ дигарон супорад.

Мехоҳам хотирнишон намоям, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтаринҳо эътироф шуда, ба қатори панҷгонаи беҳтарин Конститутсияҳои дунё шомил гардидааст.

Дар боби якум ва моддаи панҷуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омодааст, ки:

“Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Дар сархати маводи мазкур чунин омадааст, ки “Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши наве вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро танқид карда ва гуфтааст, ки ҳукумат мисли солҳои пешин монеи гуногунандешии сиёсӣ шудааст”. Тавре аз сарнавишти миллати тоҷик маълум аст, солҳои навадуми асри гузашта, нобасомониҳо дар Тоҷикистон ҳукмфармо буд. Дар он маврид фарзандони асили миллат нисбати гуногунандешии нодурусти сиёсӣ, ки бо дахолати бархе аз давлатҳои манфиатҷӯ, ки нисбати тоҷикон нияти пок надоштанд, монеагӣ мекарданд, ки то ҷанг хомӯш гардаду миллат аз парокандагӣ раҳоӣ ёбад.

Имрӯз, ки дар Тоҷикистон истиқлолият пойдор асту амнияту суботи мардум таъмин, ягон инсон ҳуқуҳояш поймол намегардад. Ҳатто бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳар нафари хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф меорад озодона аз зебогиҳои ин кишвари биҳиштосо дидан мекунад. Ҳуқуқҳояшон аз тарафи давлату ҳукумат пурра ҳифз ва ҳимоя мешавад. Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори даҳгонаи давлатҳои амнтарини рӯи дунё шомил гардидааст. Нуқтаеро дар идома мехостам хотиррасон намоям, ки мардуми тоҷик аввалин шуда, ба башарият тамаддуни инсоигароиро нишон додааст. Пас аз ин нуқтаи назар метавон хулоса кард, ки ҳуқуқи ҳеҷ инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол намешавад. Ҳар он нафаре, ки нисбати Ватани мо – Тоҷикистон нигоҳи тира дорад ҳатман, ки ҷавобҳои дандошикан хоҳем дод.

Илова бар ин, ИМА молики дунё, аз ҷумла кишвари мо нест ва ҳуқуқ надорад вобаста ба авзои сиёсии кишвари мо хулоса кунад. Дар ин мавриди танҳо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳуқуқи додани чунин хулосаҳоро доранд.

 

Фирӯзи Саидмӯъмин,

таҳлилгари масоили сиёсӣ аз шаҳри Кӯлоб

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg