БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САДОҚАТ БА ВАТАН ШИОРИ МОСТ!

Ш. Шоҳин. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «ТХҚ Ваҳдат» кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ   вохурӣ доир намуданд.

Дар хониши сиёсӣ Мавзуна Сунатуллоева мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия  ва Қурбонзода Шифо сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Овози халқ»  иштирок ва суханронӣ намуданд.   Мавзуна доир ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва масъалаҳои мубрами рўз аз қабили терроризм, экстремизм, худсузӣ, худкушӣ, содиршавии ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандон  ва гардиши ѓайриқонунии маводи муахаддир  суханронӣ кард. Инчунин аъзои ташкилоти хурди қарздиҳиро аз маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода огоҳонида, онҳоро дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба корҳои ободониву созандагӣ даъват намуд.

Қурбонзода Шифо  дар бораи вазъи имрўзаи Тоҷикистону ҷаҳон бахусус нишасти намояндагони ҳукумати кишвар дар конфронси САҲА доир ба ҳуқуқи инсон, ки аз 16-ум то 26-уми сентябри соли равон дар шаҳри Варшава ҷараён гирифт ва бузакбозиҳои аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ва Гурӯҳи 24 ибрози андеша намуда, иштирокдоронро аз нақшаву ниятҳои нопоки чунин гурӯҳу  гурӯҳчаҳо огоҳонида   ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg