ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Навобод” хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.
Оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони кумита дар назди ҷамъомадагон қайд карданд, ки мо ҳар амали некеро, ки анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем. Аз ин хотир моро зарур аст, дар пешрафту ободии Ватан бо дасту дили пок хизмат софдилона карда, Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин табдил диҳем.
Дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо дастгириии соҳибкорону тоҷирон ва шахсони хайрхоҳу ҳиматбаланд зиёда аз 1,5 км роҳи байни деҳаи Навобод мумфарш карда шуд.