МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Мӯъминобод бо истиқоматкунандагони кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, А.Партоев, Исмоили Сомонӣ ва Ҷалолиддини Румӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизб оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум нисбати терроризму экстремизм, ки зуҳуроти хатарноки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор мераванд суханронӣ карданд. Ҳамагон даъват шуданд, ки дар пешгирию мубориза бар зидди амалҳои номатлуб бетараф набуда дар иҷрои корҳои ободонӣ фаъолона ширкат намоянд.