
ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «18-ҳизб»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатӣ, ба кор андохтани чархаи дуюми НБО-и Роғун тарғиб шуданд.
Дар идомаи суҳбат таъкид шуд, ки дар замони рушди бесобиқаи саноат ва техникаву технологияи ҷаҳонӣ ҳамвора эҳтиёҷ ба манбаҳои энергияи барқароршаванда меафзояд. Бартарияти мо дар ин самт доштани захираҳои бузурги обӣ ва гидроэнегетикист.
Ҳамчунин, дар ин раванд дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба дарки ҳамагон расонида шуда, ба суолҳои иштирокдорон аз ҷониби масъулин ҷавобҳои қаноатбахш гардонида шуд.