ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки намояндагони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Ҷавонӣ»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон вобста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолияти давлатӣ, ҳамчунин оид ба арзишмандтарин комёбӣ барои миллати тоҷик - ба кор андохтани чархаи дуюми НБО-и Роғун ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан гуфта, иштирокдорон барои саҳм гузоштанд дар корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят гаштанд.