
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббусу дастгириҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и деҳаи Зиракӣ ба маблағи 4240 сомонӣ барои таъмири ҷории деворҳои берунии бинои муассисаи таҳсилкардааш рангҳои ородиҳӣ харидорӣ кардаву тақдим карда шуд. Таъмири капиталии муассисаи мазкур оғоз ёфта, дар рӯзҳои наздиктарин дар оғози соли нави хониш муассисаи таълимӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Ҳайати омӯзгорону падару модарон аз иқдоми пешгирифтаи хатмкардаи ин даргоҳи илму ирфон Маҳмадаюб Шарифзода сарфароз буда, миннатдории хешро ба фаъолони ҲХДТ ба|н намуданд.