
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи ҷашни 28- солагии Истиқлолияти давлатӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба мулоқоти сарбозону афсарони қисми низомии 6593-и ноҳия рафта, ба онҳо сӯҳбат оростанд. Ҳамчунин, ҷиҳати татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба ошхонаи ин қисми низомӣ як миқдор ашёву лавозимоти зарурӣ ва барои китобхонаи қисми низомӣ ба миқдори 200 адад китобҳои бадеӣ тақдим намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ин ташабббуси ҳизбиён бо дастгирии Соҳибкор Тӯраев Бобокалон ва корманди ҲХДТ –и ноҳия Нозиров Хаём амалӣ гардид.
Сарбозони қисми низомии мазкур ташаббуси навбатии ҳизбиёни ноҳияро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат дар ҳаққи сарбозон арзёбӣ намуданд.