ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Деҳқонобод»-и Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32 панҷ синфхонаҳои иловагӣ сохта шуда истодааст.
Дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ва роҳандозии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба муассисаи мазкур 10 халта семент кӯмак расонида шуд.
Инчунин,дар қисмати сиёсии чорабинӣ масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ анҷом дода, иштирокдоронро барои боз ҳам саҳм гузоштан дар ободкориву созандагӣ раҳнамоӣ намуданд.