
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ доир гардид.
Масъулини ноҳиявии ҲХДТ дар суҳбат атрофи фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳувваияту асолати миллӣ андешаронӣ карданд.
Инчунин, дар идома Ҳуснигул Одиназода фарҳангро ҳастии миллат ва оинаи таърих шуморида, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки ҳифзи фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқимматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар пойдории он саҳми босазо гузорем