
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилотҳои ибтидоии деҳаҳои «Меҳргон» ва «Гулрез»-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбату вохӯрӣ гузарониданд, ки аз ин ҳамоиш сокинон бахуд таассуроти нек бардоштанд.
Сипас, дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дасгирии фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7- деҳаҳои мазкур таъмири ҷорӣ карда шуда, инчунин дар ин раванд якчанд нусха китобҳои дарсӣ ба ин муассисаи таълимӣ тақдим карда шуд.