ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иxроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ ва соҳибкорону шахсони саховатмандон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 40 кӯмаки навбатӣ расонида шуд.
Аз ҷониби собиқ хатмкардагони МТМУ № 40 Ҳусейнзода Маҳмадӣ, Зумиддинзода Қутбиддин, Асоев Муродалӣ, Идрисов Балаxон ба миқдори 5 ҷуфт мизу курсӣ ва як тонна семент кӯмак расонида шуд.
Инчунин, дар саҳни муассиса бо ҷалби падару модарон атрофи дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯ овардан ба мактаб, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” анҷом додани корҳои хайру сахо барои ободонии мактабҳо, ба ҷойи баргузории маъракаҳои аъзодорӣ кӯмак намудан ба муассисаҳои таълимӣ андешаронӣ намуданд.