Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи нақша-чорабиниҳои таҳиягардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Тропикӣ» бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Асақолов Алиҷон вобаста ба 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ, рушди соҳаи тандурустӣ дар ин давра ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ доир гардид.
Ҳангоми баромад Асақолов Алиҷон кормандонро ба корҳои хайру сахо, хизматрасонии босифати соҳаи тиб дар робита ба татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» даъват намуда, ҳамчунин доир ба паёмадҳои хатаровар дар чаҳони муосир, аз қабили ифротгароӣ ва дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Дар баробари ин кормандони маркази тропикӣ бо шукргузорӣ аз сиёсати Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда доданд, ки бо дасту дили пок барои мардум ва давлат содиқона хизмат менамоянд.