Ш.ШОҲИН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ростои таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаи Ҷилгаи Ҷамоати деҳоти Саричашма аз тарфаи аъзои фаъоли ҳизб сокини деҳаи Ҷилга Бобоев Раҳмон барои хондани фарзандон ва баланд бардоштани дониши онҳо ба миқдори 100-дона китобҳои бадеӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и деҳа аз ашъори нависандагони форсу тоҷик туҳфа карда шуд.
Ин марди саховатманд бисёр кори хайру сахо намудааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки дониш андар дил чароғи равшан аст, мо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ин иқдоми пешагирифтаи ў бисёр руҳу равони тоза гирифтанд.