МУЪМИНОБОД. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии шуъбаи «Маориф»-и ноҳияи Муъминобод оид ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни баромад корманди масъули ҳизбӣ Г.Раҷабова оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори мамлакати азизамон корҳои ободониву созандагӣ рафта истодааст.
Дар ин радиф кормандони заҳматкаши шуъбаи маориф худро дар канор нагирифта, дар тозаю озод намудани маҳали зист, тахту ҳамвор ва сангфарш кардани роҳҳо ва сохтани дигар иншоотҳои хизматрасонӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.