
ЁВОН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Чанде қабл дар ташкилоти ибтидоии соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи касбии табибон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст муовини раиси ташкилот Мирзоев Анвар мехмононро муаррифӣ намуда, оид ба саҳми кормандони соҳаи тиби ноҳия дар пешбурди сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат, ҲХДТ андешаронӣ намуданд.
Сипас намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳматуллоев М. ба сухан баромада, оид ба нақши ҲХДТ дар таъмини сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ, истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастовардҳои меҳнатӣ, иштирок дар Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», боздиди ҳар як табиб аз муассисаи таҳсилнамудаи худ андешаронӣ намуд.
Дар охир аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба як қатор табиони фаъол Сипосномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.