
ҶОМӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷиҳати татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, дар ҷойҳо корҳои фаҳмонидадиҳи ва созандагию бунёдкориро амалӣ намуда истодааст. Чунин як чорабиниии сиёсию оммавӣ дар ташкилоти ҳизбии “Тутзор”-и ноҳия гузаронида шуд.
Ташкилоти ибтидоии “Тутзор” дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҳизбиро саривакт ва босифат амали карда, дар якчоягӣ баҳри татбиқи аксияи ҳизби “Якҷоя ҳал мекунем!” муассисаи таълимии №14-и дар ҳудуди деҳаашон бударо аз тармиму таъмир бароварда болопуши онро аз нав лойпуш (андова) намуданд.