ҲАМАДОНӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пахтаобод”-и Ҷамоати деҳоти Даштигуло бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии хамадонӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуд. Аз ҷумла илова намуд, ки бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми эълон гардидааст».