ФАРХОР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №3» доир гардид.
Дар мулоқот номбурда оиди се дастоварди муҳими соли 2018 – қабули Барномаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018 – 2028, ба истифода додани чархаи якуми НБО Роғун ва барқарор шудани муносибатҳои ҳасана байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон сухан ронданд.
Ҳамчунин, дар мулоқот ҳадафи чоруми стратегии кишвар саноатикунонии мамлакат ҳаматарафа мавриди шарҳ қарор ёфта, дар идомаи суҳбат нотиқ оиди интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлиҳои маҳаллии вакилони халқ суханронӣ намуданд.