ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Гулистон-1»-и Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳия мулоқот роҳандозӣ гардид.
Дар мулокот намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ иштирок карда. кайд намуданд, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, ваҳдати сартосарӣ имрўз Тоҷикистон дар асоси принсипҳои ҷомеаи демократӣ, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ворид гардидааст. Мебояд, ки ба қадри талошҳои ҷонфидокоронаи Пешвои миллат бирасем ва ҷавобан ба ин ғамхориҳои беназир садоқатмандона ба халқу Ватани хеш хизмат намоем, диёрамонро боз ҳам ободу зебо гардонем ва ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.
Дар охир раиси ташкилоти ибитидоии “Гулистон-1” иброз дошт, ки бо қувваи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб онҳо ба 1 оилаи ниёзманди маҳалла ба маблағи 250 сомонӣ кӯмаки молиявӣ расониданд.