ФАРХОР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Боғчаи №2» мулоқот доир намуданд.
Дар хониши сиёсӣ нотиқон, атрофи ҳадафҳои барномавию оинномавии ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президент, хатарҳои тероризму экстримизм ва оиди тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва анъанаҳои неки мардумӣ сӯҳбат оростанд.