БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮ ОВАРДАН БА МАКТАБ АМАЛӢ ВАТАНДӮСТОНА АСТ!

ЁВОН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар доираи  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби собиқ хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 62 ба муассиса кӯмаки навбатӣ расонида шуд.

Аз ҷониби хатмкунандагони муассисаи номбурда Шодиев Одил, Азизов Абдураҳим ва Тағоев Умар ба миқдори 30-халта семент ва 5-халта шпаклёвка  кӯмак расонида шуд.

Инчунин, дар саҳни муассиса бо ҷалби падару модарон атрофи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯ овардан ба мактаб, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” анҷом додани корҳои хайру сахо барои ободонии мактабҳо, ба ҷойи баргузории маъракаҳои аъзодорӣ кӯмак намудан ба муассисаҳои таълимӣ  андешаронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg