БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧАШМАИ САРШОРИ ИЛМ АЗ ОСТОНИ МАКТАБ АСТ!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббус ва роҳнамоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии “Гирдоб” хониши сиёсӣ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ғафурзода Фирдавс, иштирок ва суханронӣ намуда, қайд кард, ки мактаб дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон вазифаи муҳимро иҷро мекунад. Дар ин давроне, ки рушди илму техника ва технологияи навин тамоми гӯшаву канори ҷаҳонро фаро гирифтааст, нақши мактаб ҳамвора меафзояд. Акнун шогирдон бештар бо техника ва технологияи замонавӣ сари кор доранд. Бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактабҳо дар сатҳи баланд муҷаҳҳаз гардиданд ва бо технологияҳои муосир таъминанд. Истифодаи бамаврид ва самаранок аз технологияи муосир яке аз омилҳои асосии рушди донишу маърифати насли наврас мебошад.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ ба муассисаи таълимии деҳа 2 адад мизу курси барои снфхонаи лабаратории фанни кимиё кумак расонида шуд.

Дар охир сокинони деҳаи Гирдоб  аз иқодому ҳадафҳои созандаву ватандӯстонаи ҲХДТ ва сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат  сипосгузор буда, миннатдории хешро ба Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg