БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД ПЕШРАФТУ ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ!

МӮЪМИНОБОД.  Дар ташкилоти ибтидоии шуъбаи «Маориф»-и ноҳияи Мӯъминобод хониши сиёсӣ  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Зимни баромад корманди масъули ҳизбӣ Ҳайдаров Рамазон оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат намуда, қайд кард, ки ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакати азизамон корҳои ободониву созандагӣ рафта истодааст. Дар ин радиф аъзои ташкилоти мазкур худро дар канор нагирифта, дар тозаю озод намудани маҳали зист, тахту ҳамвор ва сангфарш кардани роҳҳо ва сохтани дигар иншоотҳои хизматрасонӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Баъдан дар қисмати амалии  Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳи  марказӣ  тахту ҳамвор карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg