Ҷ.БАЛХӢ. Мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Хатлон миёни ҷавонони аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, дастаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Навобод ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъбаст гардид.
Сабқати даврии ниҳоӣ миёни дастаҳои футболи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаи Айнӣ ва Навобод бо натиҷаи 4:3 бо ғалабаи дастаи футболи деҳаи Айнӣ анҷом ёфт ва ғолибон бо сипосномаҳою мукофотпулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қадр карда шуданд.
Ҷойи зикри аст, ки ташкилоти ибтидоии деҳаи “Айнӣ” бо ғалабаи навбатӣ дар даври маҳалии мусобиқаи футбол ба даври ноҳиявӣ роҳхат пайдо намуд.