
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Кишоварз» баргузор гардид.
Зимни суханронӣ масъулин ҷиҳати рушд додани соҳаи кишоварзӣ, таъсиси чойҳои корӣ, афзун гардонидани иқтидори содироти маҳсулотҳои кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ ба даст меояд, ибрози ақида намуда, кормандони соҳаро барои амалигардонии ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамоӣ карданд.
Инчунин, дар ин раванд самтҳои дигари афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ карда шуда, бо суолу пешниҳодҳои мухталиф ба вохӯрӣ хотима бахшида шуд.
Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя хал мекунем!» ба як оилаи эхтиёҷманд кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд, ки аз ин иқдоми нек шахси ниёзманд изҳори миннтадорӣ баён карда, чунин ташаббусҳои некро идомаи ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард.