БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

05 Май 2021

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!

Ш.ШОҲИН. Ҷиҳати сарсабзу хуррамгардонии  як гӯшаи диёр кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар саҳни бинои маъмурии Кумитаи ичроия беш аз 10 бех дарахтони сояафкан  ва гулҳои ҳамешасабзу  мавсимӣ шинонида, саҳни бинои маъмуриро

ҲАДАФ: КОҲИШ ДОДАНИ ТАЪСИРИ ОМИЛҲОИ БЕРУНА БА ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ

ШАҲРИТУС.  Ддар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишӣ” бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии «Мактаби варзишӣ», сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш  вохӯрӣ вобаста ба иҷрои тадбирҳои амалӣ оид ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат доир гардид.  

ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШӢ ВА БАЗМИ КОНСЕРТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

ШАҲРИТУС. Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон  ва варзиши назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз  бахшида ба Рӯзи ҷавонон, барои ҳавасманд гардонидани ҷавонон дар майдони Исмоили Сомонӣ ташкил ва баргузории намоишҳои варзишӣ, машқи бадан ва бозиҳои рӯйи мизӣ, аз қабили теннис, шашка ва шоҳмот миёни  ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  дар  сатҳи баланд баргузор

ДАСТИ ЁРӢ БА ЭҲТИЁҶМАНДОН ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ АСТ

Н. ХУСРАВ. Дар  моҳи шарифи Рамазон  вобаста  ба дастгири  қисмҳои  осебпазир  ва  эҳтиёҷманди   ҷомеа, ки  яке  аз ҳадафҳои  хайрандешандаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон муҳтарм  Эмомалӣ  Раҳмон мебошад,  масъулини  Кумитаи  иҷроия амалҳои хайру  савобро  роҳандозӣ  намуда  истодаанд.

ҲУНАР ОМӮЗ, К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ...

ХУРОСОН. Бо иштироки  муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ Саидасрор Ғуломов аз Маркази таълимии касбомӯзи и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Носири Хусрав дар ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварда шуд.

НАВРАСОН БА ОЗМУНИ ҲИЗБИИ “ МО БО ШУМОЕМ” ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХОВАЛИНГ. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг   ҷиҳати дар сатҳи  баланд гузаронидан ва ҷамъбаст намудани озмуни ҳизбии  “Мо бо  шумоем”  ҳамарӯза дар  муассисаҳои таълимии  ноҳия барои   дарёфт ба  озмун омода намудани  кӯдакон ва  наврасони аз 6 то  18  сола кор  мебаранд.

АКСИЯИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР ОРОМГОҲИ ХОҶА АЮБИ АНСОРӢ

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи миҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  ҷиҳати тозаю озода   нигоҳдории ормгоҳҳои  ноҳия ва истифодаи дурусти онҳо,  ки  74 ададро ташкил медиҳад, дар рӯзҳои истироҳатӣ дар асоси Аксияи “Рӯзи  ёдоварӣ”  бо ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона корҳои зиёди ободонӣ, аз ҷумла тоза намудани атрофи оромгоҳҳо, маҳкам намудани атрофи оромгоҳҳо,  гузоштани нишона ва лавҳа дар қабр,  шинонидани арча ва дигар

ВОРУХ-ҚИСМИ ҶУДОНАШАВАНДАИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

АНДЕША. Сарчашмаҳои таърихӣ ишорат мекунад, ки аз қадим то кунун мардуми тоҷик сулҳу суботро асоси пешрафти ҷомеа мешуморид ва намехост ба ҳамсояҳои худ дар муноқиша қорор дощта бошанд. Тоҷикон даъвои аз худ кардани ягон пораи замини кишварҳои ҳамсоя набуд, нест ва дар ин замина ҳеҷ гоҳ ягон пораи замини муқаддаси худро ба дигарон нахоҳад дод.

УЗВИ ҲХДТ БУДАН ШАРАФ АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фалҳобод” - и ҷамоати деҳоти Ҳусайнободи ноҳия масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик оид ба  натиҷаи вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон аз 26 марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Кушониён

ЭЙ КИ ДАСТАТ МЕРАСАД, ДАСТЕ БИГИР...

ТЕМУРМАЛИК.  Дирӯз бо дастгирии  соҳибкори ватанӣ Ғуломов Акбар дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик  бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси ҷамоати деҳоти Ҳусайнобод Сафарзода Сулҳиддин Самад ба 375 нафар Ҷанговарони Башардӯст, иштирокчиёни Чернобел, оилаҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Вата

САҲМИ ТОҶИКОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

АНДЕША. Имсол ба Ғалабаи бузургу оламшумули халқи собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Германияи гитлерӣ 76 сол пур шуд. Ин ғалабаи Армияи Шӯравӣ, ки баҳри озодии башарият аз зулми фашизм содир карда шудааст, дар хотираҳо абадӣ хоҳад монд.

ИҒВОАНГЕЗИЮ БЕШАРАФӢ ТО БА КУҶО МЕБАРАД ?

ВОКУНИШ. Тибқи наворҳои пахшшудаи интернетӣ мебинем, ки зархаридони хориҷӣ,  хоинони давлату миллат мехоҳанд давлати зебову озоди моро ноором созанд. Ин палидони сиёсӣ бо афкори хоинонаашон дар шабакаҳои интернетӣ бар зидди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз хеле зебо гаштааст, нооромӣ ва бесарусомониро мехоҳад ба роҳ монанд.

ВОХӮРИҲО БО ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ БОЛОӢ

ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар ҳамбастагӣ бо мудири бахши кор бо занон ва оила, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, корманди бахши маориф, корманди бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар шаҳри Левакант дар муассисаи

САҲМИ НАЗАРРАСИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

КӮЛОБ. Масъулини  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кулоб  Мунаввараи Бозоралӣ ва Дилноза Шоева дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ,  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин аз замини кишти назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офтобак” дидан намуданд.

БОЗДИДИ РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯ АЗ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОН

КӮЛОБ. Нимаи дуюми дирӯз  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода аз замини хоҷагии ёрирасони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  дидан намуда, зимни боздид, аз рафти корҳои анҷомдодашуда дар хоҷагии мазкур шинос шуд.

ДАСТГИРИҲОИ ЭҲТИЁҶМАНДОН АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ

КӮЛОБ. Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби вакили шаҳрӣ – Мирзоалӣ Саидов дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода ба як нафар сокини маҳаллаи А. Ҷомии шаҳри Кӯлоб кумаки яквақтаинаи молӣ расонида шуд.

ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

КӮЛОБ. Дар Кумитаи иҷроия бо иштироки раисони занони муассисаҳои таълимӣ, мурабияҳои донишгоҳу донишкадаҳо вохӯрӣ доир гардид.

ВОХӮРӢ БО РАИСОНИ КУМИТАИ МАҲАЛ

КӮЛОБ.  Дар толори Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи  Саймуминзода Фирӯз Саймумин ҷиҳати ташаккули асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Кумитаҳои маҳалаву деҳот бо раисони Кумитаҳои маҳалла вохӯрӣ доир гадид.

МУЛОҚОТ ВОБАСТА БА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РӮЗ МИЁНИ ҶОМЕА

КӮЛОБ. Аз ҷониби корманди масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саъбагул Валиева  дар якҷоягӣ бо мудири бахши занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  Нозимова Фаришта ҷиҳати дар амал татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷум

ВАТАНАМОНРО БО ҲАМ МЕСОЗЕМ!

ҚУБОДИЁН. Бо ташаббус ва дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар деҳаи Зиракии ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов сохтмони Бунгоҳи тиббӣ ҷараён дорад, ки ин аз ҷониби саховатмандон барои мардуми ин деҳа бунгоҳи тиббии таваллудхона, дорухона ва барои бистарии

АКБАРИ ХАЙРУ САХО

ЁВОН. Бо ташаббусу дастгириҳои узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, соҳибкори муваффақу ватандӯст Акбари Асадулло ба 56 нафар кормандони миёнаи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия дар пайравӣ аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумаки яквақтаина расонида шуд.

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ...

ЁВОН. Дар доираи иқдомҳои инсонпарварона ва башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи мубораки Рамазон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсту худшинос, инсонпарвару башардӯст, узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Акбари Асадулло аз ҳисоби даромади хусусии хеш ба кормандони Раёсати коммуналии ноҳия кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

ДАСТГИРИИ ЯТИМОН ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

ЁВОН. Дирӯз бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Обшорон” Абдукаримов Нуриддин ва бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатманди ҳудуди ҷамоат, бахшида ба моҳи шарифи Рамазон ба 70 нафар ятимону маъюбон ва шахсони ниёзманди деҳаи Парчасой кумакҳои яквақтаина расонида шуд.  

КУРСҲОИ ОМӮЗИШӢ БА ХОТИРИ ТАКМИЛИ ДОНИШИ СИЁСИИ ҲИЗБИЁН

ДӮСТӢ. Миёни ҷавонон ва хонандагони синфҳои болоӣ курси омӯзишӣ таҳти унвони "Созандагони Ватан" гузаронида шуд.

МАЪЮБОНУ БАРҶОМОНДАГОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби  аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Кӯҳдоман"-и ҷамоати шаҳраки 20- солагии Иистиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерматов Миролим ба 15 оилаи ниёзманд кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

ДАР ОБОДОНИИ ДИЁРИ ХУД САҲМ МЕГУЗОРЕМ

ДӮСТӢ.  Дар боғи фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ  шанбегии умумӣ доир карда шуд.

ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД!

АНДЕША. Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки дар он  миллионҳо  сокинони сайёра, аз ҷумла 100  ҳазор  шаҳрвандони Тоҷикистон   қурбон гардида  буданд, аз мудҳиштарин фоҷиаҳои  таърихи башарӣ маҳсуб меёбад. Дар ин ҷанги хонумонсӯз беш аз 300 ҳазор  ҷавонмардони Тоҷикистон иштирок намуданд.

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ДАНҒАРА. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Муассисаи давлатии 

“Осорхона” мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Авғон,  хониши сиёсӣ доир гардид.

ВОРУХ ЯК ПОРАИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

АНДЕША. Мо, ҷавонон бояд мураккаб будани вазъи ҷаҳони муосирро эҳсос намуда, барои бартараф намудани ҳамагуна таҳдиду хатарҳои берунаву дохила, ки ба амнияти милливу давлатӣ ва суботи ҷомеа таҳдид менамояд, омода бошем. Ворух - яке аз қадимтарин деҳа дар ҳудуди кишварамон ба ҳисоб рафта, мардуми сарбаланду ватандӯсти ин минтақа то ин вақт расму оинҳои миллии худро дар марҳилаҳои дуру дарози таърихӣ ҳифз намудаанд.

САҲМГУЗОРИИ ВОЛОНТЁРОН ДАР КОРҲОИ ХАЙР

ВАХШ. Дирӯз бахшида ба сазовор таҷлил намудани 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Поси хотир»  бо иштироки волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  баргузор гардид.

ТТЭ ҲНИ БА ҒАЙР АЗ ҶАНГУ ХУНРЕЗӢ БАРОИ МИЛЛАТ КОРЕРО БА АНҶОМ НАРАСОНИДААСТ

АНДЕША.  Имрӯз душманони миллат - ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати ислом  баъди ба мақсади нопоки худ  нарасидан аз тарси ҷазо ба хориҷа кӯч бастан, аз он ҷо бетанаффус нисбати давлату Ҳукумат ва роҳбарони давлат ҳарзагӯӣ мекунанд.

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ

БОХТАР. Дирӯз гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби ҷавонон бо хонандагони Литсейи касбӣ- техникии шаҳри Бохта вохӯрӣ доир намуданд.  Дар вохӯрии мазкур аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варизиши шаҳри Бохатр Мирзохониён Искандар, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳр Асадуллозода Ватан, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ Амирзода Аловуддин ва дигар аъзои гурӯҳ иштирок доштанд.

БАРГУЗОРИИ ИНШОИ БЕҲТАРИН БАХШИДА БА 110 СОЛАГИИ УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА

БАЛҶУВОН. Ба ифтихори 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири  ширинкалому нуктасанҷ  ва лирики зиндаёди Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Балҷувон миёни хонандагони синфҳои болоӣ бо иштироки  мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Муродова Марҷона ва омӯзгори муассисаи мазкур аз фанни забону адабиёт Мирзоева Рухшона озмуни инш

ЗАМИНРО САМАРАНОК БОЯД ИСТИФОДА НАМУД

Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Ҷалолиддини Балхӣ дар ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  корҳои фаҳмонидадиҳӣ сари саҳрогӣ гузаронида шуд.

ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯ

Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар масъалаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, бо омӯзгорон суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg