АНДЕША. Миллати тоҷик таърихи куҳан дошта, чун миллати тамаддунсоз дар масири таърих мақоми хосаро касб карда омадааст. Тоҷик миллатест, ки бо илму фарҳанг ва адабиёти қадимии худ миёни қавму миллатҳои дигар ҷойи муайянро ишѓол намуда, имрӯз дар арсаи ҷаҳон бо эҷодиёти фарзандони барӯмандаш фахр дорад.