БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Январ 2021

ПАЁМ-МЕҲВАРИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

ВОСЕЪ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

ЭҶОДИ КАМАРБАНДИ ДУРӮҒ БАР ЗИДДИ МИЛЛАТ ҲЕҶ ГОҲ ОЯНДА НАДОРАД

ВОКУНИШ. Муҳаммадиқболи Садриддин сармуҳаррири сомонаи “Ислоҳ нет”, яке аз сомонаҳои ташкилоти террористии ҲНИ буда, таҳлили фаъолияти сесоли охирини опозитсиониро дар дохил ва берун нишон дода, ӯ ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад, зеро хӯйи ғуломӣ ва бадпарварӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки мехоҳад ҳама ба мисли ӯ бардаву ғулом бошанд.

ПАДАР ЧӢ ГУНА, ПИСАР НАМУНА

ВОКУНИШ. Шарафмандӣ он зинаи обрӯ ва мақому манзалат аст, ки ба ҳар кас насиб намекунад. Одами бошараф шуҳрат ёфта, ба эътирофи умум сазовор мегардад. Онҳое, ки бо ақли солим ва азми дуруст қадам мегузоранд, комёб мешаванд, зеро ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри инкишоф ва комилёбии инсон (махсусан ҷавонон) шароитҳои заруриро ба вуҷуд овардааст.

АЗ БЕШАРАФӢ ТО БЕНОМУСӢ

ВОКУНИШ. Мо, тамоми мардуми Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён, аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ”, ки мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани воқеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст мебошад, бори дигар огаҳ шудем.

НОТАВОНБИНЕ БО ИН ҲАМА БЕШАРАФӢ

ВОКУНИШ. Тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ, филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” намоиш дода шуд, ки ба зикри муаллифони он мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани воқеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст.

БЕШАРАФИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо, дар даврони басо пурошӯб, бархурди тамаддунҳо қарор дорем. Ин аст, ки омилҳои зиёди номатлуб, аз қабили экстремизм терроризм ва ифротгароӣ ба осоиш ва амнияти тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо низ халали ҷиддӣ ворид карда метавонад.Тамошои филми мустанади «Бешарафӣ” ба ҷуз хиёнат ба миллату Ватан ва дини поки Ислом дигар чиро маънидод мекунад?

ҲАМОВОЗӢ АЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Мо занону бонувон аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба бовариву эътимоди Пешвои миллат сазовор бошем.

ПАЁМ ИЛҲОМБАХШИ ИҚДОМУ ТАШАББУСҲОИ НЕКУ СОЗАНДА

АНДЕША. Мақоли халқие ҳаст,ки гуфтаанд: “Вайрон кардан осон аст ва обод кардан душвор”. Мардуми шарафманди тоҷик  тавонист бо заҳмату амалҳои ободкоронаи хеш сарзамини аҷдодие, ки аз  ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, аз дасти хоинони давлату миллат харобагштаро  аз нав обод созад ва бо корҳои бундёкоронаю созандагӣ ҳисси баланди ифтихори миллии худро  нишон диҳад.

ШАРАФ МОЛИ АСИЛЗОДАҲОСТ!

ВОКУНИШ. Даврони босаодати соҳибистиқлолӣ бо амри тақдир насиби миллати тоҷикон гардидааст. Тоҷикистон Ватани маҳбуби мост, ки дар он халқҳои гуногунмиллат оромона дар фазои ваҳдатбори он умр ба сар мебаранд.

МУҲАММАДИҚБОЛИ БЕШАРАФУ БЕИҚБОЛ

ВОКУНИШ. Баъд аз тамошои қисмати 7-уми силсилафилми мустанади «Хиёнат», ки  шоми 21-уми январи соли равон дар шабакаи телевизионии Тоҷикистон таҳти унвони «Бешарафӣ»  намоиш дода шуд, боз беномусиву фосиқӣ ва бешарафии як тан аз аъзои бо ном «Паймони миллӣ», ки саркардаи маънавиашон М.Кабирӣ аст, дар оинаи беҷиллояшон намудор гаштаву ошкор шуд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg