КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32-и Ҷамоати деҳоти Даҳана бо сокинони деҳаҳои Калот, Тоқакапа ва Файзобод вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ва маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир гардид.