АНДЕША. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат 84 кўдаки бегуноҳи дар даргириҳои давлатҳои Ховари Миёна аз волидайн маҳруммонда тавассути хатсайри махсуси Бағдод-Душанбе-Бағдод аз Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд. Кўдаконе, ки ҷойи фараҳу нишоти даврони кўдакӣ дар вуҷуди онҳо танҳо даҳшати ҷангу кўштор лона кардаю тарс султони қалбҳояшон гашта.