БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сентябр 2018

Хонишҳои сиёсӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл

А.ҶОМӢ. Баҳри дар амал татбиқ намудани ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Файзобод»-и деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва дигар шахсони даъватӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсиро атрофи татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амали

Занони ҳунарманди маҳал дар кадбонугӣ ҳамто надошта, барои зимистон маҳсулотҳои зиёд захира намудаанд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизӣ Сабоҳат ва раиси деҳаи Шӯрбулоқи ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ бо сокинон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мард

Ниқоби ватанфурӯшӣ дар чеҳраи манфури Муҳиддин Кабирӣ

ХОВАЛИНГ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ ва суҳбат дар ташкилоту муассиса ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи роҳсозӣ» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот ва мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷамол Сатторов ва С. Алиев  оид ба омӯзиши самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ

ҲАМАДОНӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлаталӣ  Ғаффорзода бо сокинони деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоб бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  чорабинии фаҳангӣ доир карда шуд.

Ҳунарҳои дастӣ-завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамоянд

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мулоқот доир  намуданд.

ҲХДТ – таблиғгари бунёдкорӣ васозандагӣ дар кишвар

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал бобати  баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид бо сокинон баргузор гардид. 

Анҷоми корҳои неку созанда ба манфиати ҷомеа

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Шӯълаи дурахшони дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ хомӯш нахоҳанд гашт

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” (шаҳрӣ ва минтақавӣ) бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир гардид.

Амали нек барои ояндаи дурахшон

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, баҳри эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рӯдакӣ” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон бо барномаи рангини фарҳангӣ  пешкаши аҳолии деҳаи Рудақули ҷамоати деҳоти Заркамар гардид.

Эҳёи фарҳанги миллӣ таҷассумгари оинҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик

ЁВОН. Чанде қабл  дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи дурдасттарини ноҳия, ки дар сарҳади ноҳияи А.Ҷомӣ қарор дорад, деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Норин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Баҳор»  дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Аксияҳои таблиғотӣ- амалӣ чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg