Саидзода Ҷамшед Ҳамро санаи 10 апрели соли 1966 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Соли 1990 Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ)-ро бо ихтисоси муҳандис-бинокор хатм карда, фаъолияти меҳнатии худро аз кафедраи “Технологияи истеҳсолоти сохтмонӣ ва масолеҳи сохтмонӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оғоз бахшидааст.