БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШМАНӢ БАР КАС НАВАРЗАД ОН КИ ОГАҲ АЗ ХУДОСТ!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо терроризму экстремизм ҳамчун падидаи номатлуб ва эҷодкунандаи хатари ҷангу нооромиҳо ва куштори одамони бегуноҳ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар минтақаҳои гуногуни олам бо шаклу усулҳои гуногун зуҳур  карда истодааст.

Дар замони бархурди манфиатҳо бояд ёдовар шуд, ки таъсисдиҳандагони гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз баҳри тамоми арзишҳои инсонӣ мегузаранд ва мақсади асосии онҳо ғасби ҳокимият бо роҳи зури мебошад. Ташкилотҳои террористӣ дар тамоми гушаву канори дунё аз тамоми шароитҳои мавҷуда истифода намуда,  кушиш менамоянд ҳарчи бештар аҳолиро ба худ ҷалб намоянд. Мақсади асосии ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ аз он иборат мебошад, ки дар байни мардум тарсу воҳима афканда дар ниҳоят бо роҳи ҷангу зуроварӣ сохти давлатдории конститутсиониро сарнагун карда сохти давлатдории Хилофати ислмомии асримиёнагиро бунёд намоянд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо аз ҷониби ташкилоти террористии бо ном ДИИШ дар хоки Сурияву Ироқ бунёди хилофати араб мебошад. Гурӯҳи террористии ДИИШ тули мавҷудияти начандон тулонии худ дар сарзамини Ироқу Сурия даст ба ғорату қатли одамони зиёди бегуноҳ зада ҳазорон нафарро ваҳшиёна сар буриданд. Ин гурӯҳи даҳшатафкан амалҳои разилонаву палидонаи худро аз номи дини мубини Ислом анҷом дода, ҳар кассе ба ақидаҳои ботили онҳо зид бошад  кофару хавориҷӣ эълон карда ваҳшиёна ба қатл мерасонанд.

Дар асл бошад худи онҳо бо амалҳову ҷиноятҳои содир намудаашон на мусалмон ҳастанду на инсон. Онҳо худ гурӯҳи ҷинояткорони ваҳшитабиатеанд, ки бар зидди башарият ва арзишҳои умумиинсонӣ мубориза бурда бо амалҳои разилонаи худ ба номи поки мусалмонон иснод меоранд. Амсоли гурӯҳи даҳшатафкани ДИИШ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣ терорристии ҲНИ мебошад, ки ҳануз аз рӯзҳои таъсисёбиаш фаъолияти худро баҳри бунёди сохти давлати бо ном исломӣ ба роҳ монда буд. Тибқи нақшаи разилонаи ин ҳизбӣ ҷиноятпеша мебоист бо роҳи ғасби ҳокимият бори дигар ватани азизамонро ба хоку хун оғушта намуда, ҷиҳати иҷрои фармони хоҷагони аҷнабиашон мардуми азияткашидаи худро аз мазҳаби аҷдодиашон бо таври иҷборӣ берун намуда ба мазҳаби ғайр ва барои мо бегона бипайванданд. Таърихи начандон тулонӣ гувоҳ аст, ки дар ибтидои солҳои соҳибихтиёрии кишвар роҳбарони ҲНИТ бар ивази маблағҳои ҳароми аз хоҷагони аҷнабиашон бадастоварда аз мазҳабу оини сунатии аҷдодии худ берун гашта, ба мазҳаби шиа гаравида,  бо давлатҳои шиамазҳаби исломӣ робитаи доимӣ барқарор намуда,  мехостанд бо роҳи табадулоти мусалаҳона ҳокимиятро ба даст оранд. Ин мақсаду амали разилонаву хоинонаи онҳо боиси хашму норозигии кули мардуми кишвар гашта, мардум бо таври ихтиёри ҷиҳати ҳифзи шарафу номус ва ҳимояи мазҳабу оини суннатии аҷдодии хеш бархоста, ба хоинони ватану мазҳабфурӯш муқовимати шадид нишон доданд. Маҳз бо гуноҳи роҳбарони щизби террористӣ-экстримистии ҲНИ Ватани маҳбубамонро ҷанги хонумонсўзи бародаркуш фаро гирифта, ҳазорҳо нафар ҷавонмардони миллат қурбон гашта, хонаву дари мардуми зиёди кишвар ба коми оташ рафт ва ҳамаи он комёбиҳои тули ҳафтод соли дар даврони шуравӣ ба дастовардаи падаронамон зада несту нобуд гардид. Имрӯзҳо низ аъзо ва пайравони ин ҳизбӣ террористӣ барои иҷрои фармони хоҷагони хориҷии худ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ баъзе пайравони гумроҳгаштаро пайдо кардаанд.   

Бояд зикр намуд, ки ягон амали террористиву экстремистӣ бе ҷавоб намемонад ва имрӯзҳо аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани хоинону ҷинояткорони террорист  тамоми чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯӣ  роҳандозӣ карда мешавад. Бинобар ин аз ҳар як сокини соҳибақл даъват ба амал оварда мешавад, ки ба  суханҳои пучу ғаразноки онҳо бовар накарда баҳри пойдории сулҳу суботи Ватани азизамон саҳмгузор бошанд ва ҳеҷ гоҳ нагузоранд, ки саги нохалафе сӯи Ватани азизамон аккос занад.

 

Даминов Илҳом, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg