Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҶОНИИ МО СОҲИБВАТАНОН АСТ!

АНДЕША. Гурӯҳҳои террористию экстремистии ҲНИ бадхоҳони миллати тоҷик буда,  ҳаргуна камбудиҳои ночизи дохилиро пӯшиши дигар додан мехоҳанд, ки роҳбарияти Ҳукумати кишварро, ки поягузори сулҳу Ваҳдат аст, гунаҳкор нишон  диҳад ва бо ин роҳ мардумро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дилсард намояд. Лекин ин бадбахтон бо бозиҳои авомфиребонаи худ халқи ваҳдатофарини тоҷикро дигар фиреб дода наметавонанд, мардуми Тоҷикистон дигар фиреби ин касофатҳоро намехӯранд, як маротиба халқи мо заҳри ин амалҳоро дар солҳои 90-уми асри гузашта чашидаву хулосаи даркорӣ баровардааст. Ин касофатҳои бадбахт фаромӯш кардаанд, ки Тоҷикистон бо мардуми сарбаландаш дигар он Тоҷикистони даврони аввали Истиқлолият нест, бо ҳар васила мардумро фиреб диҳанд.  Имрӯзҳо аз хориҷи кишвар аъзои ҳизби террористӣ – экстримистии наҳзати исломӣ бо ташкили чанд гурӯҳу паймонҳои дуруғин бо роҳи дассисаангезиву маккорӣ, ки аз синаи нопоки чанд ҳаромзодае бармехезад мехоҳанд боз мардуми Тоҷикистонро боз мехоҳанд мисли собиқ ба оташи ҷанг бикашанд. Аммо имрӯз мардуми Тоҷикистон Пешво дорад, ки ин миллатро пушту паноҳ аст, дигар ҳаргиз тири он нохалафон ба нишон намерасад.

                                                                                   

 Абдулҳақзода Бахтиёр,  мутахассиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ                                             дар ноҳияи Фархор

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg