БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДОНИСТАНИ САРНАВИШТИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ ВА ПОС ДОШТАНИ МЕЪРОСИ ФАРҲАНГИ АСОСИ ПЕШГИРИИ ГАРАВИ БА ГУРУҲОИ ИФРОТИСТ!

АНДЕША. Воқеан ҳам асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихии миллати хеш, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавию-фарҳангӣ, бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона ва қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Вақте ки 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон дошт, кишварҳои мухталифи ҷаҳон Тоҷикистонро давра ба давра ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд. Аз замоне, ки Истиқлолият дар Тоҷикистон пойдор шуд, давлат роҳи рушди минбаъдаи худро бо кишварҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мувофиқ сохт. Дар тӯли соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бисёр даствоардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид. Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби давлати обод ва озод мебошад.

Лекин, мутаасифона, вақтҳои охир дар хориҷи кишвар, яъне дар Сурияву Ироқ ва бархе дигар кишварҳои ҷангзада ба сафи созмонҳои ифротию террористии бо ном “Давлати исломии Ироқу Шом” пайвастани як гурӯҳ ҷавонони тоҷик ба чашм мерасад. Ҳанӯз ҳам омилҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вуҷуд доранд, ки боиси роҳгум задани ҷавонон ва бо ифротиён пайвастани онҳо мешавад.

Иллатҳои сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир, ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ дар фазои кишвар мебошад. Дар замони мо ҳама ҷо пур аз густариши экстремизм, тероризм мебошад, дар ин бора дар ҳама ҷо зиёд ҳарф мезананду менависанд. Асосан маънои аслии “экстремизм” ифротгарои, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои аз ҳад гузаштан мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб метавонад, ки дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ба миён ояд.

Боиси қайд аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғибот, таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳои ифротгаро мегардад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ҷавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти Шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик-миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш намоед, ки истиқлолияти миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед”. Ҷавобан, ба ин гуфтаҳои сарвари давлат ҷавонон, бояд ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар дӯши худ гирифта, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ ва бо бунёдкориву созандагӣ раҳнамо сохта, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд.

Дар муассисаҳои таълимӣ бояд кори созмонҳои тарбиявӣ ва созмонҳои ҷавонон хуб ба роҳ монда шавад. Оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он бахусус ҷавонон вобаста аст, зеро ояндасози миллату давлат маҳз ҷавонон мебошанд.

 

Абдурашид Ҳасанов-узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg