Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ТАРБИЯИ ФАРЗАНД - ВАЗИФАИ ВОЛИДАЙН

АНДЕША. Бояд зикр намуд, ки оила худ боғест, ки дарахтонаш падару модар ва меваҳояш фарзандон ба шумор мераванд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дарахтон ҳам меваи ширин ва ҳам меваи талх медиҳанд. Фарзандон низ ба мисли меваҳо ҳам ширин ва ҳам талх мешаванд, аммо ин ҳолат аз худи падару модар вобастагӣ дорад.

Агар волидайн хоҳанд, ки фарзандонашон меваи ширин шаванд, бояд фарзандро хуб тарбия кунанд, то оянда шахси ба ҷомеа муҳиму даркорӣ ба воя расанд.

Бузургон фармудаанд, ки “Бузургтарин хушбахтии ҳар як одам аз рӯйи дунё фарзанд ба шумор меравад.” Ҳакиме дар бораи тарбияи фарзанд чунин мефармояд: Фарзандро то 5-солагӣ ба мисли шаҳзода тарбия намо, яъне ҳамеша ба ӯ бо меҳру муҳаббати зиёде нигоҳ куну сухан гӯй. Дар ин ҳолат ӯ аз ҳама одами наздиктаринаш дар дунё туро медонад. Аз 5-солагӣ то 12-солагӣ ба мисли ғулом тарбия намо, ӯро таҳти фишор қарор бидеҳ. Ҳамеша ӯро кор фармо ва ҳангоми амали бадро анҷом додан гушмолаш бидеҳ. Аз 12-солагӣ боло ба мисли дӯсти худ бидонашу кӯшиш намо, ҳамаи мушкилиҳояшро ӯ бо ту дар миён гузорад. Чунки ӯ алакай бузург шудаасту ҳама чизро дарк  мекунад”.

Албатта, ҳар як волидайн мехоҳад, ки писараш дар оянда як шахси намунавӣ дар байни ҷомеа бошад. Бузургон мефармоянд, ки “Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ.”Агар волидайн хоҳад, ки писараш дар вақти пирӣ асои дасташ шаваду ӯро нигоҳубин кунад, пас бояд аз хурдӣ то калон шуданаш ӯро ҳамеша бо меҳру муҳаббат тарбия намояд. Албатта дар тарбияи фарзанд сахтгирӣ лозим аст, аммо ин маънои онро надорад, ки аз 5-солагӣ ӯро таҳти фишор қарор диҳӣ. Дар дунё ягон одам бегуноҳ намешавад. Аммо писар вақте гуноҳ кард, хубтараш ба ӯ бо меҳру муҳаббат фаҳмонӣ, ки “Писарам, ин коре, ки ту мекунӣ ғалат аст. “Мегӯянд, ки “Сухани хуб ҳатто морро аз хонааш мебарорад. “Пас, наход, ки фарзанди одам бо гапи хуб ислоҳ нашавад?. Аз ин рӯ фарзандонро ҳамеша бояд дуруст тарбия намоем ва пеш аз ҳама кушиш намоем, ки фарзандонамон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ба воя расанд.

Умед Зарипов, узви ҲХДТ, сокини шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg