БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

УЗВИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БУДАН ШАРАФ ВА ИФТИХОР АСТ!

Бохтар.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “МНДЭС-и вилоят” вохӯрии ҳизбӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисто дар ҷомеаи имрӯза мақоми махсусро соҳиб буда, барои барои баланд бардоштани донишҳои сиёсию маънавии сокинон, ташаккул додани мафкураи миллӣ ва ободонию пешрафти ҷомеъа тамоми имкониятҳоро истифода бурда истодааст. Аз ҷумла, баргузории сӯҳбату вохӯриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеъа ва роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем”, ки ҳадафи асосии он бо дастовардҳои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад аз чунин иқдомҳои наҷиб аст. Бо ин мақсад ҳамсафонро лозим аст, ки бо кору фаъолияти худ миёни мардум намуна бошанд, зеро узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ин вазифаи баланд нест. балки масъулияти баланд дар назди давлату миллат аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg