БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ МАОРИФ АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бахши маориф» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант хониши сиёсӣ доир гардид, ки мавзӯъи меҳварии онро рафти таъмиру тармим дар муассисаҳои таълимии шаҳр, омодагии масъулон ба соли нави таҳсил ва мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода дар бар мегирифт.

Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова ва дигарон иштирок намуда, аз ғамхориву дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф сухан гуфтанд.

Инчунин, дар идома қайд карда шуд, ки имрӯзҳо дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии бевоситаи фаъолон, аъзо ва  ҷонибдорони ҲХДТ дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр корҳои зиёди рангуборкунӣ ва сохтмону азнавсозии синфхонаҳо рафта истодааст.

Дар охир иштирокдорон ҳамоиши мазкурро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, миннатдории хешро барои ташаббусҳои  неки  ҲХДТ баён доштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg