Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Ҳавза»-и Ҷамоати деҳоти Лангардара хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон иштирок дошта, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, зуҳуроти номатлуб ба монанди терроризм, экстремизм гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир суханронӣ намуда, амали онҳоро хоинонаву ноҷавонмардона дониста, мардумро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ таъкид дошт.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ошхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43аз нав таъмир карда шуд.