
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Гагарин”-и ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар рафти хониши сиёсӣ, ки аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид, яке аз мавзуҳои асосии ин чорабинӣ ин пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстримистӣ буд. Масъулин аз баргардонидани 84 нафар шаҳрвандонии ноболиғи тоҷик аз маҳбасҳо ва урдугоҳҳои давлати Ироқ ёдоварӣ намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки дар ин самти таълиму тарбияи дурусти фарзандон ҷиддӣ муносибат намояд, то ки ба чунин ҳолат дубора гирифтор нагардем. Тамоми бадбахтиҳо аз нодони ва ноогаҳи сар мезанад.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ оиди вохӯрии Пешвои миллат бо кормандони соҳаҳои молия, андоз ва гумруки кишвар ба хотири ба вуҷуд омадани мафкураи зиддикоррупсионӣ дар аҳолӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ дар самти ошкор кардани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, саривақт супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, суханронӣ карда шуд.
Баъди анҷоми вохӯрӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 –и деҳа таъмиру тармим карда шуд.