
ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Умари Хайём» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинии ҳизбӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад иштирок карда, қайд намуд, ки дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ – сиёсӣ ва маърифатию-ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ба ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгарою терористӣ имрӯзҳо ҳадафи ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Бо ин мақсад моро мебояд дар ин самт ҳама дар як ҷабҳа қарор гирифта бар зиди чунин зуҳуроти хатрзо мубориззаи беамон барем.