БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА КӮМАК МЕКУНАД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади ба дарки ҷомеа расонидани муҳтавои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Ғаллаобод» хониши сиёсӣ баргузор гардид.    

Дар ин хониши сиёсӣ масъулин дар бораи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, рушду пешрафти Ватан,  истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, ҷалби шаҳрвандон ба касбу ҳунарҳои мардумӣ дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ”  андешаронӣ карда,  иброз доштанд,  ки саҳм гузоштан дар ободии Ватан ва расидан ба қадри заҳматҳои Пешвои миллат қарзи шаҳрвандии ҳар як  фарди бонангу номус мебошад.   

Баъдан баҳри амалигардонии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳашари умумӣ оид ба тоза намудани гирду атрофи  дастгоҳи обкашии  №26, ки қисмати зиёди аҳолии ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаободро бо оби нӯшокӣ таъмин  мекунад доир карда шуд.          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg