БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАРБИЯИ ХЕШТАНШИНОСИИ МАРДУМ ҲАДАФҲОИ БАЛАНДИ МИЛЛАТСОЗӢ ДОРАД!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тутблоқи” Ҷамоати деҳоти Чубек хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Қайд карда шуд, ки сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи хештаншиносии мардум ҳадафҳои баланди  миллатсозӣ дорад ва татбиқи амалии он вазифаи на танҳо аъзои ҳизб, балки ҳар як шаҳрванди  банангу номуси кишвар мебошад.

Инчунин, дар маҷлис оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карда шуд.

Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбӣ  барои зарар нарасидан ба маҳсулоти кишварзии мардум аз чорвоён гирду атрофи заминҳоро бо истифода аз қувваи корӣ  симтуркаши карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg