БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ФАРЗАНДОНАМОН ШАРОИТИ МУСОИДИ ТАҲСИЛРО ФАРОҲАМ МЕОРЕМ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Марғзор»-и Ҷамоати деҳоти Ғалаба бо азъо ва ҷонибдорон хониши сиёсӣ доир намуданад.

Дар маҷлис  моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа ва оиди муқовимат бо коррупсия суханронӣ карда шуд.

Ҳамзамон, дар доираи Аксияи амалии ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» барои таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9  масолеҳӣ сохтмонӣ харидорӣ гардида, айни ҳол сокинон дар кори таъмири муассиса ёрӣ расонида истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg