ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №4” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид оиди саноатикунонии босуръати кишвар-ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, дастовардҳои замони Истиқлолият ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ сухан ронда, афзуд, ки ҳама дастоварду пешравиҳо бевосита бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, мо мардуми хушбахт ҳастем, ки дар фазои сулҳу ороми Ватан дар соҳаҳои хоҷагии халқ кору зиндагӣ дорем. Моро лозим аст, ҷавобан ба заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат барои боз ҳам шукуфон шудани сарзамини аҷдодиамон меҳнат намоем.
Дар охир вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” майдончаи варзишии маҳалла аз нав таъмираш оғоз ёфт.