
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади суҳбат намудан атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварзӣ” хониши сиёсӣ доир шуд.
Дар хониши сиёсӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён иштирок дошта, оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизб, аз ҷумла рӯ овардан ба корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва дасти ниёзмандонро гирифтан дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба корҳои созандагӣ даъват карданд.
Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” ба як нафар ниёзманди ҷомеа Тағоймуродова Маҳтобӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.