
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади ба дарки ҷомеа расонидани мақсадҳои фассоди ТТЭ ҲНИ дар маҳаллаи С.Даминзода вохӯрӣ ташкил карда шуд.
Дар ҳамоиш Мунаввараи Бозоралӣ корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимнан, мавсуф дар баромади худ гуфт, ки ТТЭ ҲНИ меъмор ва роҳбалади асосии ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ буд. Роҳбарон ва фаъолони ТТЭ ҲНИ барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ва қонеъ гардонидани хоҷагони худ истифода бурданд ва бурда истодаанд. Яъне динро воситаи пешбарандаи барномаи худ карданд, ҳол он ки дар дини мубини ислом гурӯҳбозӣ ва тафриқангезӣ манъ аст.
Инчунин, таъкид карда шуд, ки моро зарур аст доимо зиракии сиёсиро аз даст надода, нагузорем, ки хоинону бадхоҳони миллат ба ваҳдату ягонагии мо зарар расонад.
Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” сокинони маҳал дарякҷоягӣ қубурҳои обгузарӣ деҳаро таъмир намуданд.