БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАҲМАТУ ТАЛОШҲОИ СОКИНОН БАҲРИ ОБОДИИ КИШВАР АСТ!

ҚУБОДИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Нусратулло Махсум” вобаста ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ вохӯрӣ доир гардида, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб оид ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ андешаронӣ намуд.

Мардуми шарафманди ноҳияи Қубодиён сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона пазируфта дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободониро пайваста роҳандозӣ намуда истодаанд

Дар қисмати амалии  Аксияи ҳизбӣ бошад, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  пули мошингузари деҳа, ки солиёни дароз вайрону валангор шуда, ба рафту омади сокинон монеа эҷод мекард,  ба тариқи ҳашар азнавсозӣ  карда шуда, дар ин самт корҳои  сохтмонӣ бо маром ҷараён дорад.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg