БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН – ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁР, ҲУҚУҚБУНЁД, ДЕМОКРАТӢ, ДУНЯВӢ ВА ЯГОНА АСТ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо мақсади ба саъми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва ҷалби онҳо дар татбиқу амалигардонии барнома ва маромҳои ҳизб бо иштироки  намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии кӯчаи “Зебонисо” хониши  сиёсӣ баргузор гардид. 

Зимни баромад  масъулини ҳизбӣ вобаста ба саҳмгузории шаҳрвандон дар татбиқ ва амалигардонии ташаббусҳои созандаи ҲХДТ дар маҳал, бахусус дар татбиқи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, масъалагузориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ, ташаббусҳои сатҳи байналмилалии кишвар дар масоили марбут ба об  суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар ин раванд дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   баррасӣ карда шуда, бо суолу дархостҳо ва ҷавобҳои масъулин ҳамоиш ба охир расид. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg